Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

gallery/logo
gallery/лого2

Шумо дар инҷо: Асосӣ >  /  Факултети информатика ва энергетика   / Кафедраи таъмини барқ ва автоматика >                                   / Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

Ҳаракатовари электрикӣ чист?

gallery/shkaf
gallery/1412167851foto1_big
gallery/20171026_133539
gallery/20171026_135210

Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ

Самти 1-53 01 «Автоматикунонии ҷараёнҳои технологӣ, истеҳсолот ва идора»

Ихтисоси  1-53 01 05 «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ»

   

  Дар донишкадаҳои техникии Тоҷикистон , ҳамчун анъана, талабот доимо ба ихтисоси “Ҳаракатоварҳои автоматии барқӣ” хело калон аст. Ин аз номи ихтисос аён аст, чунки ихтисос системавӣ ва универсалӣ мебошад.

   Ҳаракатовари электрӣ – ин қисми қуввагии дилхоҳ системаи идоравӣ буда аз табдилдиҳандаи энергияи электрӣ, муҳаррики электрӣ ва механизми корӣ иборат мебошад. Аз ҳамин сабаб донишҷӯ бояд энергетика, электромеханика ва электроникаи қуввагиро донад.

   Автоматизатсия ба механизм имконият медиҳад, ки механизм бидуни иштироки инсон қарор қабул намояд.

    Системаи идораи автоматӣ аз қисмҳои идоравӣ ва иттиолоотӣ иборат аст. Қисми идоравӣ барои ҳаракатовари электрӣ,  дар асоси иттилоот оид ба талаботҳо ва равандҳо дар ҳолати ҷорӣ, сигналҳо коркард менамояд. Қисми иттилоотӣ аз датчикҳо ва табдилдиҳандаҳои иттилоот иборат буда раванди гузариш ва ҳолати муҳити берунаро назорат менамояд. Аз ҳамин сабаб донишҷӯ бояд базаи элементии электроника, техникаи ҳисоббарор ва барномасозӣ, назария ва амалияи идоракуниро донад.  Масъалаи талабот ба ихтисос  ва дурнамоии он бо чунин далелҳо аниқ карда мешавад: имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 14 миллиард системаҳои идораи дорои ҳаракатоварҳои электрӣ истифода шуда истодаанд, ки ин аз аҳолии Замин қариб 3 маротиба зиёд аст. Мисоли дигар, барои як таҷҳизоти ҳозиразамон зиёда аз 30 ҳаракатовари электрӣ мувофиқ меояд. Масъалаи бо кор таъмин намудани муҳандисон оид ба ҳаракатоварҳои электрӣ ва автоматизатсия муаммо надорад.

   Якҷоягии беҳамтои фанҳои классикии электротехникӣ бо курсҳои муосири электромеханикӣ ва системаҳои идорашаванда, барномасозӣ,  техникаи ҳисоббарор ва табдилдиҳанда сатҳи баланди тайёркунии донишҷӯёнро дар соҳаи ҳаракатоварҳои электрӣ ва автоматизатсия, инчунин истифодаи техникаи ҳисоббарор таъмин менамояд. Бозори иқтисодӣ ҷорӣ намудани фанҳои иҷтисодиёти соҳибкории хурд, квалиметрия, маркетинг ва менеҷментро дар электротехника, мубоҳисаи корӣ бо забони хориҷӣ ва ғайраро ба миён гузошт.

     Имрӯз хатмкунандагони кафедра аз рӯи ихтисоси 53.01.05 бомуваффақият ба сифати мутахассисони зерин фаъолият мебаранд:

 

  • мутахассисони пешбар дар корхонаҳои шакли моликияташон гуногуни саноат, нақлиёт алоқа ва ғайра;
  • коркардчиёни системаҳои идораи автоматикунонидашудаи равандҳои технологӣ ва системаҳои автоматикунонидаи чандир;
  • мутахассисони варзида оид ба васлу насб ва истифодабарии таҷҳизоти электротехникӣ ва техникаи ҳисоббарор;
  • омӯзгорони  мактабҳои олӣ ва колеҷҳо.

Насби аппаратҳои электрии муосир

Омузиши схемаҳои идораи ҲЭ

Гузаронидани дарси лабораторӣ

Дар бораи ихтисоси 53.01.05

gallery/proizvod31
gallery/20171026_132658
www.000webhost.com